Имрӯзи Тоҷикистон

Иконка

Симои ҳаррӯзаи кишвар

Шеъру суруди муҳоҷири тоҷик

Муҳоҷирони тоҷик дур аз Ватан бо сад аламу дили сӯзон шеъру сурудҳои ғарибона месароянд.

Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем?

То ба кай аз баҳри нафс мо тарки модар мекунем?

Ин ҳама шаҳри урус обод шуд аз дасти мо

Ҳолу аҳволи Ватанро кай накутар мекунем? Читать далее…

Реклама

Filed under: Тоҷикистон, , , , , ,

Селчаҳои Душанбе

Оё имкони пешгирӣ кардани онҳо ҳаст?

Новоднение в Душанбе

Баҳори имсола  ҳатто пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо ором нагузошт. Чанд маротиба кӯчаҳоро обу лойқа зер кард, ки барои сохторҳои таъминотии шаҳр имтиҳони ҷиддие буданд. Аммо аз имтиҳони табиат онҳо нагузаштанд.  Тобовар набудани қубуру ҷӯборҳои обпартои шаҳрро ҳатто ба як борони 5-10 дақиқаи кӯтоҳмуддат рӯи об баровард. Рӯзи 26 май дар Душанбе 15-20 дақиқа борону жолаи сахте борид, ки баъди он шаҳрро якбора об зер кард ва ҳаракати ҳам автомашинаҳо ва ҳам одамон дар бисёре аз  роҳу кӯчаҳо имконнопазир гашт. (Фоторепортаж)

Читать далее…

Filed under: Асосӣ, Душанбе, , , , ,

Парвандаи ҷиноятии №19602

Нисбати махкумшудагон Фарзонаи Хуршед, Фаррух Рӯзиев ва посбонҳои РКД (Аз дафтари прокурор)

Рӯзиев Фаррух Қӯзибоевич. 20 феврали соли 1986 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, муҷаррад, пеш суд нашудааст. То ҳинни боздошт ба ҷурми қаллобӣ ба соҳибкорӣ машғул буд.

Тиҷорати Фаррух Рӯзиев аслан аз хариду фурӯши мошин ва миёнаравӣ дар байни фурӯшандаҳову харидорон иборат буд. Вале тавре омӯзиши парвандаи ҷиноятии №19602 нишон медиҳад, Фаррух Рӯзиев дар пешбурди кори тиҷоратии худ аслан аз василаи қаллобӣ ва тасарруфи амволи соҳибмулкон сари кор мегирифт. Тири фиреби Фаррух аввал автомашинаи тамғаи «Тойота Авенсис»-ро ба нишон гирифт. Читать далее…

Filed under: Асосӣ, Тоҷикистон, , , ,

Зоҳира Зоҳир апаи овозхони нотакрор Аҳмад Зоҳир хотироте аз ҷавонии додарашро ба ёд овард

«Ҳар вақт ба гадо ё каси дигар кӯмак мекунӣ, аввал дасти чап нафаҳмад, ки дасти рост чӣ кард ва дуввум ҳеҷ вақт пайсата ҳисоб накун, вақте ба номи Худо хайр мекунӣ!» Ҳикмати Аҳмади 17 — сола.

Зоҳира нақл мекунад, ки:

-Аҳмад Зоҳир 17 сола буд , ма ҳаждаҳсола. Якҷо мерафтем, ки аз хушкашӯӣ колои худро бигирем. Мутарбон (ронанда) истод кард, ки биравад колора биёрад. Як гадо ба пеши дари Аҳмад Зоҳир омад ва гуфт:

— Ба номи Худо ба ман кӯмак кунед. Читать далее…

Filed under: Асосӣ

Митинг дар Варзоб

Имрӯз, тақрибан соати 13:00 дар постгоҳи Ҳушёрӣ мардуми деҳаҳои Ҳушёрӣ ва гирду атрофи он ҷамъ омада, барои пулакӣ намудани роҳи Душанбе — Чаноқ эътироз карданд. Эътирозгарон талаб доранд, ки истифодаи роҳ барои мардуми минтақаи Варзоб бепул карда шавад. Дар ин мавзӯъ тафсилоти бештарро дертар баён хоҳем кард. Читать далее…

Filed under: Асосӣ, Роҳҳо, , ,

Дар Душанбе роҳҳоро чунин тоза мекунанд

Filed under: Душанбе, , , , ,

Пардохти ҳаққи саҳмиядорони «Сангтӯда-1» аз соли 2011 шурӯъ мешавад

Ҳукумати кишвар механизми пардохти фоизи саҳмияҳои «Сангтӯда-1»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз соли 2011 ба соҳибони саҳмияҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» фоизи муайяне пардохт намояд.
Саҳмияҳои «Сангтӯда-1» чанд сол пештар, ҳангоми бунёди ин нерӯгоҳ ба фурӯш гузошта шуда буданд. Читать далее…

Filed under: Тоҷикистон, , , , ,

Enter your email address to subscribe to this blog and receive notifications of new posts by email.

Присоединиться к ещё 6 подписчикам

Акси рӯз

Аз танг будани роххои пойтахт пайваста мошинхо чамъ мешаванд

Назарсанҷӣ (Голосование)

Омори блог

  • 17 915 -дидан

Ҷустуҷӯ аз рӯи тақвим

Декабрь 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Авг    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31