Имрӯзи Тоҷикистон

Иконка

Симои ҳаррӯзаи кишвар

Ифтитоҳи бурҷи Дубай, баландтарин сохтмони ҷаҳон

Баландтарин сохтмони ҷаҳон рӯзи душанбе, 2 январ, дар Дубай расман ифттитоҳ шуд. Баландии Бурҷи Дубай беш аз 800 метр аст, ки назар ба осмонбӯси Тайпей 101 дар Тайван тақрибан 300 метр баландтар мебошад. Маросими ифтитоҳи Бурҷи Дубайро ҳокими ин иморат Шайх Муҳаммад Рашид бин ал-Махдум раҳбарӣ кард. Ифтитоҳи он дар ҳоле барпо шуд, ки иморати Дубай дар пайи бӯҳрони саросарии молӣ ба мушкилоти иқтисодӣ ва коҳиши башиддати нархи манзил рӯбарӯ шудааст. Аммо Муҳаммад Алаббар, мудири ширкати масъули эҳдоси Бурҷи Дубай гуфтааст, ин осмонбӯс дар пайи бӯҳрони молӣ ба мардум паёми хушбинона хоҳад дод. Читать далее…

Filed under: Ҷаҳон, , ,

Чаро Роналду ба Тоҷикистон нею ба Узбакистон омад?

Ба футболбози маъруфи тими миллии Португалия ва тими “Реал”-и Мадрид Криштиану Роналду барои боздиди якрӯзааш аз Узбакистон 600  000 евро пардохт кардаанд.
Роналду, ки субҳи сешанбе аз тариқи Швейтсария ба Тошканд омад, як муддатеро дар меҳмонии тими футболи “Бунёдкор” ба сар бурд ва сипас дар варзишгоҳи ин тим барои тақрибан 14 000 мухлиси гирдиҳамомада дарси футбол дод.
Бино ба хабарҳо, сафари Роналду ба Узбакистонро Ҳамоиши фарҳанг ва ҳунар, як сандуқи марбут ба Гулнора Каримова, духтари президенти Узбакистон Ислом Каримов, таъмини молӣ кардааст. Тими “Бунёдкор” низ, бино ба хабарҳо, ба Гулнора Каримова тааллуқ мегирад ва барои тамринаш мураббии маъруфи бразилӣ Луиз Фелипе Сколарӣ даъват шудааст. “Бунёдкор” то кунун футболбозони шинохтае, чун Самуэл Этоо, Кеск Фабрегас, Карлос Пуёл, Лионел Мессӣ ва Андрес Инйестаро дар Тошканд “меҳмонӣ” кардааст, хабар медихад Озоди.

Filed under: Ҷаҳон, , , ,

Мессӣ беҳтарин футболболбози сол эълон шуд, Месии тоҷикӣ кай аз худ дарак медиҳад?

ФИФА ҳамлагари тими миллии Аргентина ва “Барселона” Лионел Мессиро беҳтарин футболбози сол эълон кард. Футболбози 22-сола имсол дар ҳайъати “Барселона” 4 ҷоизаи муҳим – Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Аврупо, Ҷоми шоҳонаи Испания ва унвони қаҳрамони футболи ин кишвар ва қаҳрамони футболи ҷаҳон дар байни тимҳоро ба даст овард. Ахиран УЕФА, Иттиҳодияи футболи Аврупо низ Лионел Мессиро беҳтарин футболбози сол дар ин қора эълон карда буд. Чанде пеш Мессӣ ҳамчун беҳтарин ҳамлагари ҷаҳон – соҳиби туби тилоӣ шуда буд.

Filed under: Ҷаҳон, , , ,

Гулнора Каримова – яке аз сарватмандтарин сокинони Швейсария

Дар Ӯзбакистон аз хурд то бузург медонанд, ки даромади аслӣ аз фурӯши газ ва захираҳои дигари кишвар, ба мисли нафту тиллову пахта ба кисаи хонаводаи раиси ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва махсусан ҳисобҳои хориҷии духтари ӯ Гулнора меравад, иттилоъ медиҳад Озодӣ. Читать далее…

Filed under: Ҷаҳон, , ,

Enter your email address to subscribe to this blog and receive notifications of new posts by email.

Join 6 other followers

Акси рӯз

Аз танг будани роххои пойтахт пайваста мошинхо чамъ мешаванд

Назарсанҷӣ (Голосование)

Омори блог

  • 6,513 -дидан

Ҷустуҷӯ аз рӯи тақвим

Июнь 2012
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Авг    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  
Watch videos at Vodpod and other videos from this collection.
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.