Имрӯзи Тоҷикистон

Иконка

Симои ҳаррӯзаи кишвар

Шеъру суруди муҳоҷири тоҷик

Муҳоҷирони тоҷик дур аз Ватан бо сад аламу дили сӯзон шеъру сурудҳои ғарибона месароянд.

Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем?

То ба кай аз баҳри нафс мо тарки модар мекунем?

Ин ҳама шаҳри урус обод шуд аз дасти мо

Ҳолу аҳволи Ватанро кай накутар мекунем? Читать далее…

Filed under: Тоҷикистон, , , , , ,

Парвандаи ҷиноятии №19602

Нисбати махкумшудагон Фарзонаи Хуршед, Фаррух Рӯзиев ва посбонҳои РКД (Аз дафтари прокурор)

Рӯзиев Фаррух Қӯзибоевич. 20 феврали соли 1986 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, муҷаррад, пеш суд нашудааст. То ҳинни боздошт ба ҷурми қаллобӣ ба соҳибкорӣ машғул буд.

Тиҷорати Фаррух Рӯзиев аслан аз хариду фурӯши мошин ва миёнаравӣ дар байни фурӯшандаҳову харидорон иборат буд. Вале тавре омӯзиши парвандаи ҷиноятии №19602 нишон медиҳад, Фаррух Рӯзиев дар пешбурди кори тиҷоратии худ аслан аз василаи қаллобӣ ва тасарруфи амволи соҳибмулкон сари кор мегирифт. Тири фиреби Фаррух аввал автомашинаи тамғаи «Тойота Авенсис»-ро ба нишон гирифт. Читать далее…

Filed under: Асосӣ, Тоҷикистон, , , ,

Пардохти ҳаққи саҳмиядорони «Сангтӯда-1» аз соли 2011 шурӯъ мешавад

Ҳукумати кишвар механизми пардохти фоизи саҳмияҳои «Сангтӯда-1»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз соли 2011 ба соҳибони саҳмияҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» фоизи муайяне пардохт намояд.
Саҳмияҳои «Сангтӯда-1» чанд сол пештар, ҳангоми бунёди ин нерӯгоҳ ба фурӯш гузошта шуда буданд. Читать далее…

Filed under: Тоҷикистон, , , , ,

Дар Тоҷикистон далели асосии болоравии арзиши маҳсулот аз чанд миёнарав гузаштани он мебошад

Ё чаро дар 100 км. ба арзиши аслии маҳсулот 3-4 сомонӣ зам мешавад?

Як маҳсулот аз дасти деҳқон то ба дасти истеъмолгар омада расиданаш,аз дасти се чор тоҷир мегузарад ва дар натиҷа ба арзиши аслии он, ки шояд диррам бошад, боз чанд сомонии дигар зам мешавад.

Filed under: Тоҷикистон, , , , ,

Шӯхиҳои Мақсадуллоҳ (қисми2)

Шӯрбахтӣ
Аз тақдир ҳаргиз нанолед! Шояд барои ӯ низ бо Шумо будан он қадар хушоянд нест.

Бенасиб

Мардикори тоҷик ду дона хлебу як қуттӣ сигор харид, дар роҳ бо хадамоти пайроҳадории милисаҳои рус вохӯрду донист: Насиба надоштааст.

Эълон

Дар сутуни хати сарҳад: «Сарҳадшиканони мӯҳтарам! Бо сабаби норасоии лавозимоти ҳарбӣ дигар тирҳои огоҳикунанда ба ҳаво парронда намешаванд».

Читать далее…

Filed under: Тоҷикистон, , , , , ,

Фарзонаи Хуршед зиндонӣ мешавад?

Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик, пас аз се рӯзи боздошти муваққатӣ дар яке аз боздоштгоҳҳои шуъбаи корхои дохилии шаҳри Душанбе озод шудааст. Дар сӯҳбат модари Фарзона Сурайё Қосимова ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, ки фарзандаш ҳоло ҳамроҳ бо ӯст. Тавре Қосимова нақл кардааст, сабаби боздошти Фарзона ба мурофиаи додгоҳии номзади ӯ рабт доштааст. Ба гуфтаи ӯ, номзади Фарзона, яъне Фаррух ном ҷавоне, толори додгоҳи ноҳияи Синоро тарк намуда, ҳамроҳ бо Фарзона, ки аз асли қазия хабар надоштааст, ба тарафи Варзоб ҳаракат кардаанд. Аслан Фаррух бо иттиҳоми қаллобӣ муттаҳам мешуд. Читать далее…

Filed under: Тоҷикистон, , , ,

Шӯхиҳои Мақсадуллоҳ

Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ яке аз қаламкашони соҳибтаҷриба ва соҳибмақом дар миёни рӯзноманигорони Тоҷикистон буда, айни замон ба ҳайси муҳаррир дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» фаъолият мекунад. Ин замон тасмим гирифтем, ки дар торнигор як зумра аз лутфу латоифи устоди гиромиро, ки дар робита ба бурду бохти соли гузаштаи Тоҷикистон эҷод шудаанд, пешкаши хонанда гардонем.

Якдилӣ

«Пул наметавонад зиёдатӣ бошад…» – ақида доранд мардум. Ва давлат онҳоро дастгирӣ менамояд: «Набояд мардум соҳиби пули зиёдатӣ бошанд». Читать далее…

Filed under: Тоҷикистон, , , , , ,

Enter your email address to subscribe to this blog and receive notifications of new posts by email.

Join 6 other followers

Акси рӯз

Аз танг будани роххои пойтахт пайваста мошинхо чамъ мешаванд

Назарсанҷӣ (Голосование)

Омори блог

  • 6,513 -дидан

Ҷустуҷӯ аз рӯи тақвим

Июнь 2012
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Авг    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  
Watch videos at Vodpod and other videos from this collection.
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.