Имрӯзи Тоҷикистон

Иконка

Симои ҳаррӯзаи кишвар

Митинг дар Варзоб

Имрӯз, тақрибан соати 13:00 дар постгоҳи Ҳушёрӣ мардуми деҳаҳои Ҳушёрӣ ва гирду атрофи он ҷамъ омада, барои пулакӣ намудани роҳи Душанбе – Чаноқ эътироз карданд. Эътирозгарон талаб доранд, ки истифодаи роҳ барои мардуми минтақаи Варзоб бепул карда шавад. Дар ин мавзӯъ тафсилоти бештарро дертар баён хоҳем кард. Читать далее…

Filed under: Асосӣ, Роҳҳо, , ,

Тарма(лавина) дар туннели “Истиқлол”

Дар тарафи ҷануби туннели “Истиқлол”, наздики Майхура дар санаи 21 декабри соли 2009 тарма фаромада, кампири 73 соларо бо ҳамроҳи мошин руфта бурдааст. Кампир 36 соат дар зери тарма мондааст. Аммо пас аз наҷот додани масъулони КҲФ кампир на танҳо бехуд нашудааст, балки бо пойи хеш роҳ паймудаааст. Читать далее…

Filed under: Асосӣ, Роҳҳо,

Ба сиёҳ кардани шишаҳои мошин иҷоза доданд, аммо ба ивази 200 доллар

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот ба Қонуни ҳаракат дар роҳ ва Қонуни дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа, сиёҳ кардани шишаи мошинҳоро иҷоза додаст – иттилоъ медиҳад Озодӣ.
Ҳадаф аз додани иҷоза барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо, барои мусоидат ба ҳифзи сиҳатии сокинон будааст. Читать далее…

Filed under: Роҳҳо, , , ,

Туннели “Истиқлол”, Душанбе-Хуҷанд, Тоҷикистон

Душанбе-Хучанд

Туннели "Истиқлол"

Бо таъмир шудани роҳи  “Душанбе-Хуҷанд” ва туннели “Истиқлол” ҳанӯз проблема ҳал нашудааст. Он мушкилие, ки пеш буд, то имрӯз вуҷуд дорад ва роҳи ҷанубу шимоли Тоҷикистон хеле хатарнок ба назар мерасад Читать далее…

Filed under: Асосӣ, Роҳҳо, ,

Садамаи нақлиётӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон

Кучаи Заводская 2

Заводская, Гипрозем, Душанбе, Таджикистан

Рӯзи 9-уми декабр дар кӯчаи Заводская 2-и шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон садамаи нақлиётӣ рух дод. Ду мошин, яке тамғаи “Некси” ва дигаре “Тико” ба ҳам бархурда, дар байни роҳ мехобиданд ва мардум гирди он ҷамъ шуда буданд. Аммо ҳеч кадом аз ронандагон хатои худро ба гардан намегирифт. Милисаҳо ба сари ҳодиса расида омаданд. Тафтишот идома дошт Читать далее…

Filed under: Асосӣ, Роҳҳо, , ,

Аптечкаи холӣ дар даруни тангем

Фото: Элвира

Доруқутӣ (аптечка) дар даруни тангем. Аслан ронандаҳои воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон барои он ки гирифтори нозирони роҳ нашаванд, доруқтиро дар автомашина нигоҳ медоранд ва он дар дасти худи ронанда аст. Аммо бори аввал ин қутиро дар даруни салони мошин дар Душанбе овезон мебинем. Ба андешаи шумо ронанда ин корро ба кадом хотир кардааст?
Читать далее…

Filed under: Душанбе, Роҳҳо, Тоҷикистон, , , , ,

Шоми парчам дар Тоҷикистон

Шоми 24-уми ноябри соли 2009, ки дар кишвар Рӯзи парчами миллӣ ҷашн гирифта мешуд, дар аксар хиёбонҳои Душанбе пропкаи мошинҳо ба амал омад. Сабаби он бастани хиёбонҳои марказии шаҳр буд. Пробкаи мошинҳо тақрибан то соатҳои1-2-и шаб давом кард. Расмхои дигарро шумо метавонед  бо пахши “Читать далее” тамошо кунед!

Як шаби роххои Душанбе

Дороги Душанбе столица Таджикистана (Tajikistan)

Читать далее…

Filed under: Асосӣ, Душанбе, Роҳҳо, Тоҷикистон, , , , , , ,

Enter your email address to subscribe to this blog and receive notifications of new posts by email.

Join 6 other followers

Акси рӯз

Аз танг будани роххои пойтахт пайваста мошинхо чамъ мешаванд

Назарсанҷӣ (Голосование)

Омори блог

  • 6,513 -дидан

Ҷустуҷӯ аз рӯи тақвим

Июнь 2012
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Авг    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  
Watch videos at Vodpod and other videos from this collection.
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.