Нисбати махкумшудагон Фарзонаи Хуршед, Фаррух Рӯзиев ва посбонҳои РКД (Аз дафтари прокурор)
Рӯзиев Фаррух Қӯзибоевич. 20 феврали соли 1986 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, муҷаррад, пеш суд нашудааст. То ҳинни боздошт ба ҷурми қаллобӣ ба соҳибкорӣ машғул буд.
Тиҷорати Фаррух Рӯзиев аслан аз хариду фурӯши мошин ва миёнаравӣ дар байни фурӯшандаҳову харидорон иборат буд. Вале тавре омӯзиши парвандаи ҷиноятии №19602 нишон медиҳад, Фаррух Рӯзиев дар пешбурди кори тиҷоратии худ аслан аз василаи қаллобӣ ва тасарруфи амволи соҳибмулкон сари кор мегирифт. Тири фиреби Фаррух аввал автомашинаи тамғаи «Тойота Авенсис»-ро ба нишон гирифт. Сараввал ӯ соҳиби автомашина Фирдавс Шарифовро ба боварии худ даровард ва санаи 13 марти соли 2009 муваффақ бар он шуд, ки моли бозоргирро бо миёнаравии Илҳом Файзиев 17500 доллари ИМА нархгузорӣ намояд. Баъди ин Фаррух 1000 доллари нақдро ба соҳибмулк пешпардохт намуда, ваъда медиҳад, ки маблағи боқимондаро тӯли як моҳ хоҳад пардохт. Мӯҳлати ваъдагӣ ба охир мерасад, вале аз қавли додаи Фаррух дарак набуд. Ҳамин тавр аз миён расо 2 моҳ сипарӣ мегардад ва Фаррух ба найранги дигар даст мезанад. «Тойота»-и аз Ф.Шарифов бо ваъдаи пардохти фардо гирифтаашро 10 ҳазор доллар нарх мегузорад ва санаи 13 май ба шаҳрванд Бозоров Маҳмадалӣ мефурӯшад. Бозоров М. бар ивази пардохти 8 ҳазор доллари нақд соҳиби «Тойота» ва шиносномаи техникии он мегардад. Фаррух ба Маҳмадалӣ ваъда медиҳад, ки дар сурати рӯзи дигар пардохтани 2 ҳазор доллари боқимонда мошинро ба номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ мекунад. Маҳмадалӣ пулро меорад, вале аз Фаррух дарак намеёбад. «Соҳибкор» бо «кидать» кардани ду нафар шаҳрванди зудбовар ба маблағи калон гурехта буд. Ин қаллобии «тоҷири муваффақ» Фаррух Рӯзиев дар таҷрибаи корияш ягона набуд. Дар ин амал ӯ қаблан собиқа дошт ва комёб низ шуда буд. Ҳанӯз аз миёнаҳои моҳи январи соли 2009 таваҷҷӯҳи Фаррухро автомашинаи тамғаи «Лексус» ба худ ҷалб намуда буд. Бо миёнаравии Тошев Муродҷон дили соҳибмулки «Лексус» Шамсуддин Салимдодовро ба даст овард. Мошинро 42 ҳазор доллар савдо карданд. Фаррухи дасткушоду сахӣ бо пешпардохти 10 ҳазор доллар соҳиби молро бовар мекунонад, ки тоҷири боваринок аст ва чун ҳамешагӣ ваъдаи пардохти маблағи боқимондаро ба як моҳ ақиб мепартояд. Вале дар ин муддат ӯ мошинро ба шаҳрванд Э.Ашӯров, ки қарзхоҳаш буд, медиҳад. Бо ҳамин Салимдодов Шамсуддини хушбоварро низ ба осонӣ «кидать» мекунад.
Силсилаи аъмоли қаллобонаи Фаррух минбаъд ба худ хусусияти оммавӣ мегирад. Акнун «бизнес»-и авомфиребонаи ӯ густурдатар доман паҳн мекунад. Чун мебинад, ки бо гӯл задани соҳибмулкони зудбовару содда зиндагии шоҳона ба сар бурдан имконпазир будааст, дигар ҳар мошини арзишдошта таваҷҷӯҳашро ба худ ҷалб месохт. Чашми ҳарисаш калонтар кушода шуда буд ва иштиҳои қозгираш ғалаён мекард.
Ин навбат ба доми фиреби ӯ автомашинаи тамғаи ВАЗ-21099 гирифтор гардид. Тамғаи мошин барои тиҷорати калони ӯ назарногир бошад ҳам, ҳолати техникиву соли бароришаш ба мақсад мувофиқ буд. Ғайр аз ин, соҳиби мошин дар назараш соддаву гаправ намуд. Рӯзи савдои мошинро, ки ба шаҳрванд Фаррухи Шариф тааллуқ дошт, 14 апрел муқаррар намуданд. Арзиши онро 6500 доллар нархгузорӣ намуданд. Аз рӯи сенарияи қаблан бофташуда пардохти маблағ боз ҳам ба як моҳ мавқуф гузошта мешавад. Фаррухи Шариф нигарони моҳи ваъдагӣ умедвор мешинад. Бехабар аз он ки мошинашро ҳамноми қаллобаш Фаррух Рӯзиев кайҳо ба нафари номаълуме фурӯхтаву пули онро обу лой кардааст.
Дар урфият мегӯянд: «Кӯр як бор ба чоҳ меафтад». Вале мақоли мазкур ба сокини маҳаллаи Зарафшони пойтахт Диловар Кабиров намечаспад. Зарари моддии ба ин соддабовар расонидаи Фаррух Рӯзиев дукарата аст. Аввал Фаррух бо маккории ба худ хос бар ивази 28 ҳазор доллар автомашинаи тамғаи «ҶИП-КИ-7»-ро бе рақами давлативу ҳуҷҷатҳои расмӣ фурӯхта ваъда медиҳад, ки тӯли як ҳафта ҳуҷҷатҳои барасмиятдарориро дуруст мекунад. Аз миён се моҳ мегузараду пешравие дар ҳуҷҷатгузорӣ ба назар намерасад. Косаи сабри Диловар Кабиров билохира лабрез мегардад ва ӯ мошинро бозпас гардонида, пулашро талаб мекунад. Фаррух мегирад ва боз қавл медиҳад, ки 3 рӯз пас пулашро бе каму кост бармегардонад. Вале баъди ин Фаррухи найрангбоз аз Фаррухи зудбовар батамом халос мешавад. Миёни замину осмон ғайб мезанад. Ҳамин тариқ, Рӯзиев Фаррух бо роҳи қаллобӣ ва тасарруфи амволи ғайр автомашинаи «Тойота-кемри»-и шаҳрванд Идиев Фарҳодро бо чунин усули барояш маъмул азхуд кардааст.
Ғайр аз қаллобӣ ба табиати Фаррух Рӯзиев хусусияти авбошӣ низ хос аст. Омӯзиши парвандаи аъмоли ӯ бозгӯи он аст, ки Фаррух Рӯзиев шояд баъди ин қадар қаллобиву ҳаннотӣ ва ба даст овардани пули бедардимиён шаҳрро бедарвоза гумон кард, ҳар куҷое мерафт, худро шоҳу табъашро вазир мешуморид. Ба таъбири мардумӣ маблағҳои ҳангуфти аз қаллобиву фиреб бадастомада ӯро маст карда буданд. Бо ҳамин ҳиссиёти авбошона бегоҳирӯзии 4 сентябри соли 2009 дар назди бинои истиқоматияш, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт, бе ягон сабаби муайян дар ҳузури бошандагони маҳалла шаҳрванд Саидова Майрамбиро зери дашному шаллоқ мегирад ва ба номбурда зарари ҷисмонӣ дар шакли осеби пӯшидаи косахона ва мағзи сар мерасонад.
Пас аз ин қадар аъмоли қаллобиву авбошӣ билохира мақомоти танобкаш нисбати Фаррух Рӯзиев парванда боз мекунанд. Дигар ҳама роҳҳо ба рӯи Фаррух баста буданд. Дафтари аъмоли ӯро РКД-и ш.Душанбе варақгардон менамуд. Ниҳоят, 29 октябри соли гузашта Фаррух Рӯзиев дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Доираи амалиёти ҷинояткоронаи Фаррух Рӯзиев дар ҳамин нуқта хотима намеёбад, балки он ба марҳилаи дуюм ва кулминатсионии худ мегузарад. Дар ин марҳила ба дафтари аъмоли ӯ ҷиноёти дигаре зам мешаванд, ки парвандаи номбурдаро сиёҳтар месозанд. Шояд баррасии ин ҷиноят дар суд ҳамин гуна як амали қаллобии маъмул талаққӣ мешуд ва берун аз сару садоҳои ҳангомабарангез дар толорҳо хомӯш мегашт, агар ҳодиса бозтоби нав пайдо намекард ва агар ба ин «бозӣ» овозхони номӣ – Фарзонаи Хуршед ва милитсионерҳои посбон ҳамроҳ намешуданд.
(Давом дорад)
Садриддин Бобоев, прокурори калони шӯъбаи Прокуратураи шаҳри Душанбе
Баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо айбдориии Фаррух Рӯзиев 11 январи соли ҷорӣ дар толори суди ноҳияи Сино сурат гирифт. Соати 16:00 раисикунандаи мурофиа танаффус эълон намуд. Посбонҳо судшавандаро ба толори нигоҳдории муваққатӣ фароварданӣ шуданд. Ҳамин дам Фаррух дар сар андешаи фирор намуданро мепарварид. Бо ҳамин нияти раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ӯ аз милитсионер-посбони ротаи хадамоти посбонии РКД-и шаҳри Душанбе Қурбонов Ҳикматулло хоҳиш кард, то барои қазои ҳоҷат ба ҳоҷатхона барад. Қурбонов Ҳ. судшавандаро бо дастони кушода ба саҳни ҳавлӣ мебарорад. Рӯзиев Ф. аз рӯи сенарияи қаблан тарҳрезишуда ба қисми дуюми амалиёти маккоронаи худ мегузарад. Аз посбон хоҳиш менамояд, ки ӯро ба қади кӯчаи паси бинои суд барорад. Гӯё наздиконаш барояш дору овардаанд. Он доруро мегираду бозпас бармегардад. Посбон Қурбонов Ҳ. бо иҷозати посбони калон Ғафуров Шамсиддин маҳбус Ф.Рӯзиевро ба кӯча мебарорад. Дар ҳамин ҳолат Фаррух Рӯзиев ба воситаи телефони мобилии посбон Ҳ.Қурбонов ба овозхон Фарзонаи Хуршед, ки ба иқрори худаш маъшуқааш будааст, занг зада, ба наздаш даъват мекунад. Пас аз чанде Фарзонаи Хуршед савори мошини тамғаи «Lexus RX 350» ба ҷои ваъдагӣ ҳозир мешавад.
Фаррух Рӯзиев бо гумроҳ сохтани посбон аз дари қафои мошин савор мешавад ва чунин вонамуд месозад, ки бо Фарзона сӯҳбат дорад. Вале дар асл ӯ нақшаи фирорро дар сар дошт ва пайти мувофиқ меҷуст. Аз беаҳамиятии посбон Ҳ.Қурбонов истифода бурда, Фаррух аз маъшуқааш Фарзона хоҳиш менамояд, то нишастгоҳи паси чанбаракро барояш холӣ намояд. Фарзона ба нишастгоҳи паҳлӯи ронанда мегузарад. Мошин барои гурехтани ошиқу маъшуқ омода буд.
Фаррух бо як ҷаҳиш ба нишастгоҳи сари чанбар мегузарад ва бо суръати баланд ба пеш метозад. То посбонон ба худ омаданд, ки Фарзонаву Фаррух савори «Лексус» хеле дур шуда буданд.
Лексус бори ҷиноят мекашид, вале сабуку итоаткорона пеш мерафт. Ошиқу маъшуқ бо як ҷаҳон орзу ба сӯи Варзоб – дараи ишқу ҷавонӣ мешитофтанд.
То фаромадани торикӣ дар миёни доманакӯҳҳои ин дараи афсонавӣ, макони розу ниёзҳо, ишқу армонҳо панаҳ бурданд. Сипас, ба маҳаллаи Зарафшони пойтахт баргаштанд.
Фаррух Рӯзиев бо мақсади гумроҳ сохтани хадамоти ҷустуҷӯӣ ва мақомот рақами давлатии автомашинаи тамғаи «Audi А8»-ро, ки ба ҳамсояаш Фозилов Рустам мансубият дошт, канда ба мошинаи «Лексус»-и Фарзонаи Хуршед насб менамояд.
Фарзонаи Хуршед дидаву дониста дар фирори Фаррух Рӯзиев аз ҳабси пешакӣ ҳамдастӣ менамояд ва барои идомаи гурехтан мусоидат кардааст.
Лайливу Маҷнуни сонӣ шабонгоҳ ба самти вилояти Суғд роҳ пеш мегиранд. Онҳо дар торикӣ дар худуди ноҳияи Варзоб ду маротиба мавриди таъқиби кормандони ҳифзи ҳуқуқ карор гирифтанд, ки баҳри дастгир намуданашон сафарбар шуда буданд. Фаррух бо мақсади раҳоӣ аз боздошт суръати ҳаракатро баланд намуда, вориди деҳаҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб мегардад ва ғайб мезанад. Фарзонаву Фаррух шабро дар деҳаи Зимчуруд рӯз карда, субҳи 12 январ дубора ба хотири гумроҳ сохтани кормандони ҳифзи ҳуқуқ мошинро дар деҳаи Варзобқалъа бе назорат гузошта, ба автомашинаи роҳгузаре менишинанд ва ҷониби шаҳри Душанбе равон мешаванд. Вале баъди чанде дар дидбонгоҳи «Варзоб» Фарзона ва Фаррухи фирорӣ аз тарафи кормандони ШБДА РКД-и шаҳри Душанбе дастгир гардиданд.
Муфаттиш парвандаи ҷиноятиро мавриди тафтиши пурра ва хаматарафа карор дода, мӯйро аз хамир ҷудо намуд ва барои баррасӣ ба суд ирсол кард.
Ҳарчанд судшавандаҳо Рӯзиев Ф., Ғафуров Ш. ва Қурбонов Ҳ. ба гуноҳашон қисман иқрор буданд, вале Фарзонаи Хуршед худро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор намеҳисобид. Бо вуҷуди ин, нишондоди ҳамроҳони ӯ, нишондоди ҷабрдидаҳо, шоҳидони воқеа, протоколҳои рӯбарӯкунӣ, аризаи ҷабрдидагон, протоколи санҷиши нишондодҳо дар ҷои ҳодиса, протоколи азназаргузаронии мошин ва дигар маводҳои дар парвандаи ҷиноятӣ ҷойдошта тасдиқи пурраи худро ёфтанд.
Ҳамин тариқ, суд бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда нисбати судшавандагон Рӯзиев Ф., Ғафуров Ш., Қурбонов Ҳ. ва Фарзонаи Хуршед, ки бори аввал ҷиноят содир кардаанд, хислатномаи мусбӣ доранд, аз кори кардаи худ сидқан пушаймонанд, ҳукми одилонаи худро баровард.
Рӯзиев Фаррух – бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол бо мусодираи амвол дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр;
Ғафуров Шамсиддин – бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми умумӣ;
Қурбонов Ҳикматулло – бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 1 солу 6 моҳ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш умумӣ;
Фарзонаи Хуршед– бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии низоми умумӣ.
Ба хукми суд аз 23 феврали соли 2010 махкумшудахо ва химоятгарони онхо рози нашуда, бо шикояти кассатсиони ба суди шахри Душанбе мурочиат намуданд.
Коллегияи суди оид ба корхои чиноятии суди шахри Душанбе парвандаи чиноятиро мавриди барраси карор дода,шикояти махкумшудагон Рӯзиев Ф., Ғафуров Ш., Қурбонов Ҳ. ва Фарзонаи Хуршед-ро бе каноат ва хукми суди нохияи Синоро бе тагир гузошт.
«Тоҷикистон»
Filed under: Асосӣ, Тоҷикистон, Делаи чинояти, Точикистон, Фарзонаи Хуршед, Фаррух Рузиев


Тозатарин вокунишҳо