Баландтарин сохтмони ҷаҳон рӯзи душанбе, 2 январ, дар Дубай расман ифттитоҳ шуд. Баландии Бурҷи Дубай беш аз 800 метр аст, ки назар ба осмонбӯси Тайпей 101 дар Тайван тақрибан 300 метр баландтар мебошад. Маросими ифтитоҳи Бурҷи Дубайро ҳокими ин иморат Шайх Муҳаммад Рашид бин ал-Махдум раҳбарӣ кард. Ифтитоҳи он дар ҳоле барпо шуд, ки иморати Дубай дар пайи бӯҳрони саросарии молӣ ба мушкилоти иқтисодӣ ва коҳиши башиддати нархи манзил рӯбарӯ шудааст. Аммо Муҳаммад Алаббар, мудири ширкати масъули эҳдоси Бурҷи Дубай гуфтааст, ин осмонбӯс дар пайи бӯҳрони молӣ ба мардум паёми хушбинона хоҳад дод.
Filed under: Ҷаҳон, 834 метр, Бурчи Дубай, Самий високий в мире










Баландии Бурчи Дубай 828 метр аст! 162 ошиёна. Шумо 834 метр ишора кардаед дар матлабатон чаноби муаллиф. Мехостам сарчашмаи маълумотатонро ироъа кунед.
Хонандаи азиз дар ин матлаб шумораи 834 вучуд надорад, Шумо онро дар кучо дидед, факат кайд шудаги ки беш аз 800 метр. баланди дорад. Бехтараш дар мавриди сохтмони бинохо дар Точикистон ва дар мукоиса ба чахон харф мезадем, хубтар мешуд.
Баландии бурчи дубай то ба 900 метр ороста шудааст ва дар ояндабоз чунин иншооти бузург хохад шуд ки баландиааш 1114 метр ин низ дар дубай хохад шуд 2016